ХУРОСОН. Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон ва иштироки кормандони Кумитаи иҷроия бораисони 21 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии дар маркази ноҳия ҷойгиршуда гузаронида шуд.
Дар семинари омӯзишӣ Саидзода Раҳмон ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбиро расонида, ба онҳо тарзи дурусти ҳуҷҷатгузориҳоро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаҳмонида, ба ҳар яки онҳо китобчаи «Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ»-ро дастрас карда, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва боз ҳам ҷоннок кардани фаъолияти ҳизбӣ як қатор дастурҳои лозимаро дод.