ВОКУНИШ. Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созад.
Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон- Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.
Ҷавонон аслан қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа буда, аксарияташон ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил гардида, аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз Ватан қарор доштанд.
Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистӣ бо назардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, аксаран, ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд.
Ин воқеияти талх моро вазифадор менамояд, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намоем. Дар ин марҳилаи ҳассос ҷавонон бояд ҳамеша омодаи мудофиаи марзу буми Ватан бошанд, ба дассисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона дода нашаванд ва Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоянд.
Ибораҳои пайдарҳами “фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгароии динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик” нагардиданд, «зираку хушёр» ва барои «ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода будан” барои кулли мардуми Тоҷикистон -аз хурд то бузург даъвати ватанхоҳона ва саривақтӣ мебошад.
Муқоиса кардани ҷавонони имрӯза бо ҳамсолони онҳо дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки зери таъсири гурӯҳҳои носолим қарор гирифта, Ватани хешро дар вартаи ҳалокат гузоштанд, аз нуктаҳои асосии Паём мебошад. Дарк ва андешаи саргузашти миллат- муҳимтарин масъалаи рӯз аст. Бе он таъмини субот ва пешравии ҷомеа имкон надорад, зеро «таърихро надонистан, якумр тифл мондан аст».
Дар ин замина тамоми сохторҳои давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ бояд таваҷҷуҳи асосиро ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон равона сохта, онҳоро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия намоянд. Ин вазифаи муқаддас бояд кори ҳаррӯзаи оила, макотиб ва ниҳодҳои дахлдор бошад.
Фақат дар ҳамин замина мардуми шарафманди Тоҷикистон метавонад ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвари азизамон ноил гардад ва шароити хуби зиндагиро барои хеш фароҳам созад.
Солиҳов Фирдавс, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ