БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баракати дастархони ҳар як сокини кишвар аз заҳмати дастони деҳқон аст

ДАНҒАРА. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо иштироки  раиси  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Каримов  Пирмаҳмад ва дигар шахсони даъватӣ дар деҳаи Чаманорои ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара доир ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки санаи 2 майи соли равон дар ноҳия Данғара баргузор гардид андешаронӣ намуд. Инчунин,  масъулин дар ин росто оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018,  пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, огоҳонидани мардум аз  хатарҳои ҷаҳони муосир ва аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИТ, Гурӯҳи 24 сухаронӣ карданд.  

Дар  охир 7 нафар аз сокинони деҳа ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg