БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТТЭ ҲНИ ДАСТАИ ХИЁНАТКОРОН АСТ

ВОКУНИШ. Бояд гуфт, ки зумраи одамон, ки ҷонибдори ташкилоти терорристӣ- экстремистии  Ҳизби Наҳзати Исломи  (ТТЭ ҲНИ) мебошанд, хиёнаткор пазируфта мешаванд. Зеро онҳо аз рӯи амалҳои кардаи худ бо террористон баробар мебошанд. Ташкили таркишҳо, бенизомиҳо баҳри ба даст овардани қудратро танҳои ТТЭ ҲНИ ва ҷонибдорони онҳо ба вуҷуд овардаанд. Номи онҳо, ки дар ҷомеа доғдор шудааст, аз хориҷи кишвар истода бо ҳар ном худро пуштибони мардум гирифта, дурӯғу сафсата ва туҳматҳои ноҳақро нисбати сиёсати мо мегӯянд.  Дар вақти дар Тоҷикистон будан сари ятимеро сила накардаанду танҳо ба тиҷорат машғул буданд. Акнун, ки корашон барор нагирифт натавонистанд мақсадҳои нопоки худро пиёда созанд, аз хориҷи кишвар истода ҳар чизе, ки ба даҳонашон ояд мегӯянд. Суханҳо, туҳматҳои онҳо беасос буда,  аз рӯи ғараз гуфта мешавад. Агар дар ягон ҷо каме ҳам бошад мардум сухане гӯяд онро воҳима карда, аз худ ҳарчи хоҳанд мебофанду санги маломат мезананд.

Ман умеду боварии комил дорам, ки мардуми Тоҷикистон солҳои 90-ум машақати ин гурӯҳҳои бадкирдорро дида буданд ва дигар ҳеҷ вақт ба суханҳои онҳо диққат намедиҳад.  Мо имрӯз роҳи созандагиву бунёдкориро пеша гирифтаем ва барои ободии диёри худ талош намуда истодаем. Бо нияти неки созанда кишвари худро ободу зебо мегардонем.

Сафархони Муҳаббат, мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg