АНДЕША. Сарзамине, ки мо дар он ҳаёт ба сар мебарем офтобрӯя ва боду ҳавои мусаффоро дорост. Хоки серҳосил ва чаҳор фасли сол тибқи меъёр, яъне се моҳ ба мо насиб гаштааст. Ин нуктаро ба он хотир ёдовар шудам, ки дар баъзан давлатҳо зимистон ё тобистони тӯлонӣ мебошад, ки онҳо на ҳамаи фаслҳои солро ба хубӣ эҳсос менамоянд. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки заминҳои корами обию лалмӣ ва иқлими хуберо дорем, ки дар ҳолати самаранок истифода бурдани он метавонем талаботи дохилиро таъмин намуда, ҳатто содирот ҳам кунем. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як баромади хеш таъкид месозанд, ки шаҳрвандон барои истеҳсоли маҳсулоти худӣ бештар талош варзанд. Агар истеҳсоли маҳсулоти худӣ шаҳрвандонро бо ҷойи кор ва талаботро қонеъ намояд аз тарафи дигар ин раванд метавонад ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони мо таъсири мусбӣ расонад. Бубинед, ки тамоми маҳсулоти истеҳсолнамудаи мо аз лиҳози мазза ва лаззат ҳатто сифат фарқ дорад аз маҳсулоте, ки ворид мегардад. Албатта, вақти истеъмол манфиати онро ҳар як нафар эҳсос менамояд. Дар робита ба ин масъала аз коршиносону мутахассисон пурсидем, онҳо дар ҷавоб таъкид карданд, ки аз лиҳози офтобрӯя ва боду ҳавои тоза ҳар як маҳсулоти мо сифати хуби табииро ба худ мегирад. Маҳз фарқият дар ҳамин мебошад, вақте, ки бо сайёҳон ҳамсуҳбат шудам маззаи мева ва дигар маҳсулотҳоро пурсидам онҳо бо газидани ангушт тасдиқ карданд, ки мазааш ғайримуқаррарӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки барои истеҳсоли маҳсулоти худӣ ақалан барои қонеъ намудани талаботи оилаи худ аз маҳсулоти худи истифода бурда, аҳли оиларо ба коркард ва истеҳсол ҷалб созем. Манзури ман сохтмони корхона ё дастгоҳи хурд нест. Танҳо ҳаминро қайд менамоям, ки ҳар як оила барои истеҳсоли тухм- парвариши мурғ, гӯшту шир -парвариши чорвои хурду калони шохдор, шарбат-кишти сабзавот дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва ғайрарро диққати ҷиддӣ диҳад метавонад дар истеҳсоли маҳсулоти худи саҳмгузорӣ намояд. Истеҳсоли маҳсулоти худӣ, ки аз лиҳози таркиб тоза ва фоидаовар мебошад ба саломатии ҳар як нафар манфиат дошта кафолати дарозумрӣ мебошад.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ