НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Обтаъминкунӣ» вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷониби мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳр Муслима Ғуриева баромадҳо карда шуд.
Муслима Ғуриева зимни баромад қайд кард, ки аз дигар масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем”. Ҳамзамон, нисбати ҷавонон бо қаноатмандӣ чунин иброз доштанд: “Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”. Дар ин росто Пешвои миллат як қатор масъалаҳое, ки ба дастгирии давлативу сиёсии ҷавонону занон марбут буд, мавриди баррасӣ қарор дода, ба мақомоти марбута дастуру тавсияҳои муфид дод.