БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “РОҲСОЗ”

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” бо иштироки Муслима Ғуриева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак  маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардид.

Нахуст Раулов Асадулло – муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” оиди фаъолияти соли 2020 ҳисобот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар соли сипаригардида, аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Заводи оҳану қир” тавонистанд, ки дар ҷодаи касбӣ ва корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Дар соли сипаригардида мувофиқи имконият ба як қатор оилаҳои камбизоату маъюб кумакҳои ғизои расонда шуда, ҷиҳати пешгири аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ба як қатор сокинони шаҳр ниқобҳои муҳофизати ва маводҳои антисептики дастрас карда шуд.

Муслима Ғуриева  зимни суханронии худ зикр кард, ки ҲХДТ дар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳбтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди устувор ва бонизоми кишвар ва дар ин замина бо мақсади фароҳам овардани зиндаги шоистаи ҳар фарди ҷомеа, имкониятҳои мусоид ҷиҳати ташаккули нерӯи инсонӣ дар асоси баробари адолати иҷтимои ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон, пайваста кӯшиш менамояд.

Дар фарҷом намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҳисоботӣ раиси ташкилоти ибтидоии “РОҲСОЗ”-ро қаноатбахш арзёби намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg