МУЪМИНОБОД. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ семинари омӯзишӣ бо раисон ва котибони масъули ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротзода иштирок намуда, оид ба тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар асоси Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ андешаронӣ карда, ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баҳри пешбурди фаъолияти корӣ Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро дастрас намуд. Баргузории чунин семинарҳо бо дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тибқи ҷадвал идома доранд.