АНДЕША. Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Коррупсия аз ҷумлаи вирусҳое ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи роҳ додан ба ин амали номатлуб ба тамоми шохаҳои фаъолияти мақомати ҳокимияти давлатӣ паҳн гашта, боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заиф гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва инчунин ба сохти конститутсионӣ таъсир расонида, эҳтироми мардумро ба давлат ва мақомотҳои он коста гардонида, обрӯву эътимоди онро коҳиш медиҳад. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ба роҳ мондани пешгирии коррупсия мебошад, ки аз иродаи бевоситаи Пешвои миллат бармеояд. Муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем». Воқеан ҳам ҳар як фарди бо нангу номуси Ватан бояд аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуб дар фазои ҳамдигарфаҳмии миллӣ бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва бо ифтихор аз миллату Ватани хеш сарҷамъона муборизаи беамон бурда, баҳри рушду нумуи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем!
Шукурова Латофат, корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён