БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои лаънатиро хиёнаткориву бадандешиашон бадбахт кард

ВОКУНИШ. Ташкилоти террористӣ-эктремистии ҲНИТ тариқи сомонаҳои интернетӣ аз кишварҳои аврупоӣ бо дурӯғу буҳтонҳои ғаразнок пайваста баромад намуда, ба оромиву осудагии ҷомеаи кишварамон халал ворид месозанд. Наҳзатиҳои лаънатӣ аз солҳои нахустини истиқлолият борҳо бо муборизаҳои пинҳонию ошкоро кӯшишу талош меварзанд, ки кишварамонро ба гирдоби ҷангу хунрезӣ кашида тобеи бегонагон намоянд. Онҳо барои расидан ба ин ҳадафу мақсадҳои муғризонаи худ бо ҳазору як роҳ ҷавононро мағзшӯӣ карда, мехоҳанд сафи худро афзуда, шумораи онҳоеро, ки зидди ҷомеаи соҳибистиқлоли мо санги маломат мезананд, зиёд намоянд.

Роҳбарону масъулони ТЭТ ҲНИТ бо чеҳраҳои нопоку хоинонаи худ бори дигар соли 2015 бо саркардагии Абдуҳалим Назарзода – муовини Вазири дифои кишвар хостанд, ки табаддулоти давлатӣ намоянд ва сари қудрат оянд. Вале ин гуруҳи ҷиноятпеша ҳадафҳои худро амалӣ карда натавониста, шикаст хӯрданду бори дигар нокому оҷизу нотавон гаштанд. Оре, касе ки бо дилу нияти бад кору пайкор дорад, зуд сари хеш мехӯрад. Ҳоҷӣ Ҳалим, Муҳиддин  Кабирӣ, Гуруҳи 24 ва пайравони онҳо бо дастгирии давлати Эрон, ки замоне давлати дӯсту бародарашон мехондем нисбати Тоҷикистон нақшаҳои бадхоҳона кашиданд.  Аммо ин бори каҷи онҳо ба манзил нарасид ва онҳо хушбахтона натавонистанд, ки нақшаҳои тарҳрезишудаашонро амалӣ созанд ва оқибат ба чоҳи кандаи худ афтида бадному радди маърака шуданд.

Мардуми кишвари соҳибистиқлоламон басе ватандӯсту фидокор, меҳанпараст ва далеру шуҷоанд, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсии онҳо ҳадафҳои муғризонаи нобакорони наҳзатӣ фавран фош гардида, хоинони миллат саркӯбу несту нобуд карда шуданд. Саркардагони фитнаангезу тарсончак гӯё илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ ҳис карда буданд, ки рӯ ба гурез ниҳода, ба хориҷа гурехта то имрӯз дар бадбахтии хиёнати худ гирифторанд.

Нақшаву ҳадафҳои ғаразноку таъсиси давлати исломӣ, ки мақсаду мароми ин ҳизб аст, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳанд шуд. Мардум ҳеҷ вақт ба сафсатаю ваъдаҳои дурӯғин ва макру фиреби онҳо бовар надоранд. Маҳз, бо ҳадафҳои ғаразноки онҳо 150 ҳазор нафар дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуданд, вале саркардагону роҳбарони ҷанги бародар куш офату фоҷеаи фирориёни ТЭТ ҲНИТ дар хориҷа назди хоҷагони сармоягузори худ бардаму саломат буда, ҷон ба саломат бурданд. Мардуми бечора азобу уқубати зиёдеро паси сар карданд.

Наҳзатиҳо сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту нумуъ, дастовардҳои миллат ва бунёдкориҳои кишварамонро нодида гирифта, рашку ҳасад мебаранд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд халал эҷод намоянд, авзои ҷомеаро ноором созанд ва аз худ дарак диҳанд.

Роҳбарону масъулони ТЭТ ҲНИТ, ки бо маблағҳои бедардимиёни хоҷагони хориҷиашон ба таври худ «кору фаъолият» доранд, боре андешида бошанд, ки худ хоинанду ватанфурӯш, террористу экстремист буда, зидди Ватани аҷдодии худ тухми душманӣ мекоранд. Барои онҳо давлат, миллат, мазҳаб, Ватан, ваҳдат ва сулҳу оромӣ ҳеҷ арзише надорад. Онҳо танҳо барои манфиати худ, ноором кардани вазъи сиёсӣ, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ифротӣ ва содир намудани ҷинояту куштор кӯшиш доранд.

Мардуми тоҷик хуб медонад, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ шабеҳи Ироқу Сурия, Яману Афғонистон гардида буданд. Ҳадафу мақсадҳои наҳзатиҳо бо роҳи зӯрӣ, фишор ва қатлу куштор таъсис додани давлати исломӣ буд. Дар натиҷаи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ беш аз 1 миллион нафар мардуми осоишта фирорӣ гардида, ба азобу уқубатҳои гӯшношунид гирифтор шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 4 майи соли 2018 дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» аз ҷумла қайд намуданд, ки «Фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, ифодаи қавии мардуми мо ба сулҳу суббот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад».

Дар ҳақиқат мардуми мо сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон чун гавҳараки чашм аз ҳама гуна ғаразу туҳмат ва омилҳои номатлуб муҳофизат менамояд. Ҳамаи неруҳои ҷомеаи имрӯза баҳри он саъю талош доранд, ки бо ҳар роҳу восита, бо ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ Ватанамонро аз ҳатари таҳдидҳои ифротгароёна ҳимоя намоянд. 

Мунаввара Сатторова, раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg