БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ ПАЁМ ТАЪМИНИ ПЕШРАВИИ ЗИНДАГИСТ

КӮШОНИЁН. Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони ҷамоатҳои  шаҳраки деҳоти  ноҳияи Кӯшониён бо мақсади шарҳу эзоҳи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир гардида истодаанд. 

Вохӯрии навбатӣ бошад, бо иштироки Шодиён Муҳаммад Султонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо сокинони деҳаҳои Ганҷина ва Гулистони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён доир шуд.

Инчунин, баъди баррасии Паём масъулин аз сокинони деҳаҳои дар  боло зикршуда даъват ба амал оварданд, ки барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ширкат карда, дар пешрафти ояндаи босаодати кишвар саҳм гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg