ҶАЙҲУН. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи чорабиниҳои варзишӣ оид ба дарёфти Ҷоми раиси ноҳия бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ аз намуди варзиши гӯштини миллӣ мусобиқаи варзишӣ байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ паҳлавонон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок дошта, аз маҳорати гӯштингирони ноҳия дидан намуданд. Дар охир ғолибон аз ҷониби доварон муайян карда шуда, онҳоро ба даври дигар роҳхат доданд.