КӮЛОБ. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз бо як қатор котибон ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ семинар -машварати омӯзишиву дастурдиҳӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти семинар Саймуминзода Фирӯз ба сухан баромада, атрофи масоили дохилиҳизбӣ, ҷалби шахсони сазовор ба узвияти ҳизб, ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ ва ҷиҳати рушди бештари кор дар самти ба низом даровардани ҳуҷҷатнигорӣ ба ҳозирин тавсияву маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Бо истифода аз ин семинар иштирокдорон низ вобаста фаъолияти ҲХДТ ба кормандони масъули ҳизбӣ саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.