КӮЛОБ. Дар толори хурди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ баргузор гардид.
Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ ба сухан баромада, ҳозиринро ба фарорасии ҷашни фархунда - Наврӯзи аҷам табрик намуда, қайд кард, ки Наврӯз таҷдиди хотираи бузурги таърихии мост, ки дар ин айём бо нерӯи тоза ба зиндагӣ умеди нав мебахшем.
Дар баробари ин миёни иштирокдорон саволу ҷавобҳо оид ба ҷашни Наврӯз доир шуда, ҳамин тариқ мулоқот ба онҷом расид.