БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

КӮШОНИЁН. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён бо сокинони ҳудуди ҷамоати  мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис Шодиён Муҳаммад Султонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал Абдусаломзода Мунаввар ба сухан баромада, таъкид намуд, ки Паём дастурамалӣ муккамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ки ба ҳар як шаҳрванд роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад.

Инчунин, дар рафти маҷлис  Шодиён Муҳаммад  баромад карда, қайд намуд, ки барои ҳар як давлат соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо омӯзгоронро мебояд насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва донишандӯзӣ тарбия намуда, фаъолиятамонро хубтару беҳтар ба роҳ монем.

Дар охир сокинон низ ба сухан баромада, бо боварӣ изҳор доштанд, ки Паёми Сарвари давлатро сармашқи кору зиндагӣ қарор дода, хусусан фарзандонашонро ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ омода ва сафарбар месозанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg