ЁВОН. Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо саҳми соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони хайрхоҳи ҷомеа дар доираи Аксияи ҳизби таҳти унвони “Якҷоя месозем!” зиёда аз 300 метр роҳи дохили деҳа сангфарш карда шуд. Қаблан мардуми деҳа барои роҳи замонавӣ эҳтиёҷи калон доштанд.Шукронаи Истиқлолияти давлат ва Пешвои миллат, ки бо заҳмату талошҳои он кас корҳои ободонию созандагӣ дар кишварамон бо маром идома дорад. Ҳамаи соҳибкорону шахсони саховатманд бо пайравӣ аз Пешвои миллат корҳои ободонию созандагиро пешаи кори худ кардаанд, ки ин амали нек боиси ифтихори миллӣ ва ватандорист.