
ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Мопр"-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод ҷамъомад доир карда шуд.
Дар ҷамъомади мазкур мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Камолов Сафарали ва раиси ташкилоти ибтидоиии ҳизби Тоҷикобод Раҳимов Аслидин иштирок намуданд. Масъулин зимни баромад иброз доштанд, ки Пешвои миллат зимни Паёми худ зикр намуд, ки дастуру супоришҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд.
Ҳамзамон мо шаҳрвандонро зарур аст, ки тамоми қувваю ғайрати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, равона намуда, барои ободию шукуфоии Тоҷикистон пайваста хизмат намоем, то ки сулҳу амонӣ дар фазои кишвари маҳбубамон ҳамеша танинандоз бошад.