Ҷ. БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷамоати деҳоти Маданият дар доираи Аксияи хизбии "Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард”" доир гардида, дар чорабинии мазкур зиёда аз 600 бех дарахтони ҳамешасабз бо иштироки фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб шинонида шуд.
Дар рафти баргузории Аксияи ниҳолшинонӣ раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмасаид бо сокинон суҳбат ороста, тавсия дод, ки баҳри хамешасабз нигоҳ доштани дарахтони шинонидашуда бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд, ва барои сарсабз гардонии ҳар гӯшаи диёр саҳми арзандаи худро гузоранд.