БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМӮЗИШИ ПАЁМ МИЁНИ ҶАВОНОН

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақшаи кории намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони  Ватан” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 миёни ҷавонону наврасон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Нуруллоев Саъдулло иштирок дошта, оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишар, тарбияи дурусти насли наврас, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат”  ибрози андеша намуда,  ҷамъомадагон, ки  ояндаи давлату миллат дар дасти онҳо мебошад, барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва сиёсати ҷавонпарваронаи Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg