Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи нақшаи муштарак бо ҷалби сокинони Ҷамоати деҳоти Узун ва Ҷамоати деҳоти Маданият, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан, волонтёрон, имомхатибони панҷвақтаи масҷидҳои маҳаллӣ ва фаъолони ҳизби ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ амалиёт оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир карда шуд.
Дар чорабинии доиргардида раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин иштирок намуда, доир ба мақсади амалиёти муштарак бо сокинон суҳбат намуд. Дар амалиёт зиёда аз 400 нафар аҳолии маҳаллаҳо иштирок намуда, дар тозаву озода кардани дохил ва гирду атрофи оромгоҳ сазми муносиби худро гузоштанд ва ба руҳу арвоҳи гузаштагон дуои хайр карданд.