ВОКУНИШ. Дар шароити рӯз терроризму экстремизм ба яке аз проблемаҳои асосӣ ва ҳалталаби ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси хунрезӣ, талафоти ҷонии одамони бегуноҳ ва бесарусомонии ҳазорон сокинони осоиштаи олам гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки ягон кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам аз таҳдиди терроризму экстремизм эмин нест.
Мо шоҳидем, ки яке аз шохаҳои терроризми ҷаҳонӣ ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бо сарварии хоини миллат ва давлат Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷ дар пайи онанд, ки фазои тинҷу ороми кишварро халалдор созанд.
Боиси нигаронист, ки бо ваъдаҳои дурӯғи ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ бештар ҷавонони ноогоҳ бовар намуда, ба онҳо мепайванданд. Онҳо гумон доранд, ки ба ворид шудан ба ин гурӯҳҳо маблағи зиёд ба даст меоранд. Дар ин ҳолат ҳамаи фикру зикри онҳо ба маблағи ваъданамудаи хоҷагонашон равона аст. Ватан, падару модар дар баробари пул барои онҳо арзише надорад. Тибқи маълумотҳо соли 2018 дар саросари ҷаҳон 15, 3 ҳазор ҳамлаи террористӣ содир шудааст. Агар ин рақамро ба соли 2017 қиёс намоем, 6716 адад зиёд мебошад. Амалҳои террористӣ ба иқтисодиёти дилхоҳ кишвар зарари иқтисодӣ ва маънавӣ меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оқибатҳои фоҷиабори терроризм ва ифротгароиро аз сар гузаронидааст, барои пешгирии он тадбирҳои муассирро роҳандозӣ менамояд.
“Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳи 2016 - 2020” тамоми сокинони мамлакатро водор ва вазифадор менамояд, ки ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун падидаи номатлуб қатъӣ мубориза намояд.
Адибаи Субҳон, мутахассиси шуъбаи омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг