БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ МУЖДАИ РӮЗИ НАВ АСТ

АНДЕША. Инак, ба сарзамини куҳанбунёду биҳиштосои мо бузургтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодонамон- Наврӯзи хучастапай бо паёми тозаи рӯзгори нав фаро расид.

Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳо ва қадимтарин суннатҳои мардуми тоҷик аст, ки решааш аз фарҳанги пурбори ориёӣ об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад.

Суннатҳои мардумии аҷдодони мо, ки дар таҷлили Наврӯз ба зуҳур мерасанд, ба тарбияи аҳли башар равона гардида, бо гузашти айём аҳамияти бештар касб мекунанд.

Наврӯз рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии мост. Ҳамин аст, ки мо дар баробари ҷашнҳои миллӣ ва динии худ Наврӯзро аз бузургтарин ҷашнҳои зебо ва мероси аҷдодии худ гиромӣ медорем.

Наврӯз баёнгари рӯзи тоза, зиндагии нав ва эҳёи табиат баъд аз сардиҳои зимистон аст. Ин ҷашни зиндагиафрӯз ба ҷузъ он ки баёнгари рӯзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз рӯҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба зиндагии тоза аст. Он бо нури гарму равшани хуршеди баҳорӣ, насими форам ва навозишгар, садои найи чӯпон ва суруди деҳқон, ханда ва бозиҳои дилангези кӯдакони маъсум ба ҳар хона, ба ҳар кӯю дар мавҷ мезанад, болу пар мекашад, зиндагиро гуворотар месозад.

Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани кишварамон, ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба эҳёи анъана, расму оин ва суннатҳои миллиамон равона шудааст, мо ҳамаи идҳои аҷдодию миллӣ, аз ҷумла Наврӯзи дилафрӯзро бо ифтихор ҷашн мегирем.

Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуби мо, ки дар масири ҳазорсолаи  таърих ба насли имрӯзаи тоҷик насиб гардид, ба таҷлили  пуршукӯҳу  шаҳомати  хоси  иди  муқаддаси   ниёгонамон – Наврӯзи оламафрӯз шароити мусоид фароҳам овард.

Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем, шукрона кунем ва аз истиқлолияти давлатии хеш чун бахти безаволи миллат ифтихор дошта бошем.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз кулли мардуми олам ин ҷашни зандагисози ниёгони моро дар радифи ҷашнҳои миллӣ ва мардумии худ пазируфтаанд. Аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардидани Наврӯз дастоварди бузург, натиҷаи кӯшишу талош ва пайгириҳои чандинсолаи давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯзи бостонӣ, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мост.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро инъоми табиат барои аҳли сайёраи Замин маънидод карда, дар яке аз баромадҳои хеш зикр намудаанд, ки «Тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад, яъне Наврӯз оғозгоҳи мардуми фарҳангии мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати тоза мебахшад. Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоя мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд».

Воқеан ҳам, Наврӯз зеботарин ҷашне дар рӯи Замин аст, ки бидуни хоҳиши ягон халқу миллати ҷаҳон ҳар соле як маротиба худ фаро мерасад. Он ҷашни сабзиш ва офариниши ҷаҳон аст. Он бо таровату тозагии худ тамоми эътиқодҳои инсониро ба худ ҷалб намуда, бо ҳама созгор омадааст. Наврӯз бо ҷаҳонӣ шуданаш боз ҳам зеботару пуршукӯҳтар гардидааст.

Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg