АНДЕША. Фасли баҳор эҳёву шукуфоӣ, бедоршавии табиат буда, баъди фасли сармо аз нав зинда шуда, хуршеди пурҳарорати наврӯзӣ ба хонадон нуру зиё мебахшад.
Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав буда, ҷашни баробарии шабу рӯз ба шумор меравад. Ҷашнгирии Наврӯз инсонро ба дӯст доштан, эҳтиром гузоштан ба қонунҳои инкишофи табиат, водор сохтан аст. Шукӯҳу иқдоми наврӯзӣи гетиафрӯз фархундаю файзбахш аст, зеро табиат ранги дигар гирифта, аз ин зебоиҳои табиати гулбасар, гул ба кокул мениҳад.
Наврӯзи оламафрӯзро аз бахти баланди хеш, аз Ватани ободу зебои худ шукргузорӣ менамоем. Ҷашнгирии Наврӯз сол то сол васеъ гардида, яъне зиндашавии табиат, меҳру муҳаббати инсонҳо, омода кардани хӯришу хӯрокҳои гуногуни миллӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, бузкашӣ, бозии шавқовари футбол ва даҳҳо чорабиниҳои дигар мебошад.
Наврӯз зина ба зина иди дӯстдоштарини мардуми дунё гашт, зеро Наврӯзро маҳбубтарин ва писандидатарин ҷашни мардумӣ маҳсуб меёбад.
Наврӯз рӯзи аввали соли шамсӣ, ки бо 21 – март баробар меояд ва иди Соли нав аст. Ҷашни фархундаи Наврӯз аз аҳди қадим то ба имрӯз бо “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин”, оростани суфраи идонаи наврӯзӣ мебошад.
Гулгардонӣ, гулбазм ҳам аслан хоси баҳору Наврӯзанд, ки пайки шодию нишот меоранд. Рамзҳои Наврӯз – ҳафт сину, ҳафт шин аз файзу баракат ва фаровонии дастурхони мардуми мо шаҳодат медиҳад.
Имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати воло, эҳёю анъана ва суннатҳои мардумӣ ва ифтихормандӣ аз Ватани бо тантанаи идона ҷашн мегиранд.
Иди Наврӯзи дилафрӯз муборак, ҳамдиёрони азиз!
Сафарова Наргис, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара