БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ-МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТИ ТАМАДУНОФАРИ ТОҶИК

АНДЕША. Миллати тоҷикро аз қадим ҳамчун миллати тамаддунофар, бунёдкор ва созанда мешиносанд. Ҳақиқатан тоҷикон бо шоҳкориҳои худ миёни дигар қавму миллатҳо намунаи ибрат буданд ва маҳз бо меърос гузоштани анъанаҳои неки ниёгони худ расму оини хешро  аз насл ба насл ба мерос мегузоранд. Албатта,баҳри эҳёву рушд ва ба наслҳои минбаъда   меърос гузоштани арзишҳои миллӣ шахсиятҳоеро мехоҳад, ки сарсупурдаи миллату давлат бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин шахсиятҳоест , ки тамоми  иду ҷашнҳои сирф миллӣ ва хосси мардуми тоҷикро, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ  рафта буд, дубора эҳё гардонид.Маҳз бо ташаббус ва хиради дурандешонаи  Пешвои миллат  соли 2009 иди Нарӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали  Муттаҳид расман ба феҳристи  ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид, ки боиси фахри ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Яъне, Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми тоҷик  мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маъноҳои  «рӯзи нав» , «тоза», «рӯзи нахустин», аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Халқи  тоҷикро бо расму ойинҳои нек, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъанаҳои ниёгон  мешиносанд, ки ҳамаи ин дар Наврӯз таҷассум ёфтааст. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозиҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда,  дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.Фарорасии ин иди таърихиро пиру ҷавони кишвар интизорӣ кашида, доир ба таҷлили он омодагии  амиқ мебинанд. Иди  Наврӯзро  ҳар як кӯча, маҳалла, деҳот, ноҳия ва шаҳр бо як шаҳомати хоси маҳалли худ таҷлил менамоянд. Дастархонороӣ, айёдати ҳамдигар, тақдими гули сияҳгӯш ва тозаю ороста намудани манзилҳои зисти худ яке аз анъанаҳое мебошад, ки  дар Наврӯз анҷом дода мешавад. Маҳз он суннатҳое, ки дар иди Наврӯз анҷом дода мешавад, Наврӯзро  иди  байналмилалӣ  гардонида, башариятро ба рафоқату дӯстӣ, якдилию поктинатӣ даъват менамояд. Пас мо ҷавононро месазад, ки мактаби бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро давомдиҳанда ва пайрави содиқи он бошем. Баҳри эҳёи урфу одатҳои неки ниёгонамон саъю талош намоем, зеро имрӯз бархурди тамаддунҳо нишон медиҳад, ки ҳар миллате гузаштаи худро надонад ва ё онро ҳифз карда натавонад, ба нестӣ меравад.

Худойдод Ёров,  сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва итилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg