БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУРСИ ОМӮЗИШИИ “МАКТАБИ САРВАРИИ СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ОҒОЗ МЕГАРДАД

ВИЛОЯТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби бештари онҳо барои иштирок дар раванди созандагиву бунёдкориҳои кишвар давоми моҳҳои апрел-июни соли равон, нахустин курси омӯзишӣ зери унвони “Мактаби сарварии созандагони Ватан” роҳандозӣ мегардад.

Дар курс маърӯзачиён аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аъзои фаъоли ҲХДТ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва вакилони мардумӣ ҷалб гардида, баъди хатм шунавандагон бо диплом сарфароз гардонида мешаванд.

Дар ин доира, санаи 16 марти соли ҷорӣ  бо мақсади интихоб намудани шунавандагони курс, вохӯрӣ бо донишҷӯён аз ҳамаи факултаҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав такшил гардид. Дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бобоев Беҳрӯз, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон ширкат доштанд.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот вобаста ба масъалаҳои ҷавонон дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханрониҳо карда шуда, аз ҷониби масъулин  қайд гардид, ки курси мазкур имконияти мусоидеро ба ҷавонон баҳри омӯхтани таҷрибаи шахсони муваффақ, васеъ намудани доираи ҷаҳонбӣнӣ, омӯзиши паҳлуҳои муҳими сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ фароҳам меорад.

Дар фарҷом ба иштирокчиён саволнома ҷиҳати интихоб гардидан ҳамчун шунавандаи курс пешниҳод гардид. Чунин вохӯриҳо санаи 17-18 март дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Бохтар низ баргузор карда мешаванд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg