БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБИ САРВАРИИ СОЗАНДАГОНИ ВАТАН

ВИЛОЯТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби бештари онҳо барои иштирок дар раванди созандагиву бунёдкори давоми моҳҳои апрел – июни соли равон, нахустин курси омӯзишӣ зери унвони “Мактаби сарварии Созандагони Ватан”-ро роҳандозӣ менамояд. Ҳамзамон чунин омӯзишҳо дар ин давра дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои вилоят низ аз ҷониби сохторҳои ҳизбӣ роҳандозӣ мегарданд.

Дар курс маърӯзачиён аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аъзои фаъоли ҲХДТ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва вакилони мардумӣ ҷалб карда шуда, баъди хатм шунавандагон бо диплом сарфароз гардонида мешаванд.

Дар ин доира, санаи 17 марти соли ҷорӣ  бо мақсади интихоб намудани шунавандагони курс, вохӯрӣ бо донишҷӯён аз Коллеҷи тиббии давлатии шаҳри Бохтар такшил гардид. Дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бобоев Беҳрӯз, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон ширкат доштанд.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот вобаста ба масъалаҳои ҷавонон дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханрониҳо карда шуда, аз ҷониби масъулин  қайд гардид, ки курси мазкур имконияти мусоидеро ба ҷавонон баҳри омӯхтани таҷрибаи шахсони муваффақ, васеъ намудани доираи ҷаҳонбӣнӣ, омӯзиши паҳлуҳои муҳими сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ фароҳам меорад.

Дар фарҷом ба иштирокчиён саволнома ҷиҳати интихоб гардидан ҳамчун шунавандаи курс пешниҳод гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg