БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ОЯНДАИ КИШВАР

АНДЕША. Дар ҷумҳуриамон ҷавонон яке аз неруҳои созандаву бунёдкор ва пешқадами ҷомеа ба шумор мераванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхории падарона зоҳир менамоянд ва дар ҳама ҷо онҳоро дастгирӣ мекунанд.

Зимни вохӯриву мулоқотҳояшон якеро ба хондан ташвиқ намуда, сазовори номи донишҷӯӣ, дигареро ба пешае сазовор медонанд ва сеюминро бо амалҳои хайр дасти ёрӣ дароз мекунанд. Аз ин ҷост, ки ҷавонон худро пайрави Пешвои миллат медонанд. Саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеаи имрӯза дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ назаррас буда, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ иштироки фаъолона доранд. Имрӯзҳо ҷавонон  дар корҳои созандагиву ободонии Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони азиз саҳми арзанда доранд. Мо ҷавонон бояд боз ҳам барои  эҳтиром ба Ватани худ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва барои ҳифзи дастовардҳои Ватани азизамон -Тоҷикистон заҳмат кашем.

Мо бояд фаъолияти ҳизбамонро ба марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеа мутобиқ созем. Тамоми потенсиалу имконятҳои зеҳниву кадрии ҳизбро баҳри иҷрои ҳама вазифаҳои аввалиндараҷае, ки имрӯз Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди ҳар як фарди ҷомеа, бахусус сохторҳо ва аъзои ҲХДТ гузоштаанд, равона созем ва бо дарку масъулияти баланди ватансозӣ  ободгари асили  Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони азиз бошем.

Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот,  иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg