БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пок нигоҳ доштани муҳити зист боиси покизагии ҷисму ҷони мо мегардад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳифзи муҳити зист»-и вилоят тибқи нақша-чорабиниҳо маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид. Дар ин маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар оид ба пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди ҳурофотпарастӣ суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти  инсон  дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад ба миён ояд. Мутаассифона терроризм экстремизм  дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кушиш менамоянд ва мақсад доранд, ки ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро  бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишвари ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд. Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд бо кормандон андешарони карданд. Ба назари донишмандону таҳлилгарон, азбаски дин  яке аз  ҳассостарин ҷанбаи  ҳаёти  маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад, тахрибкорони андешаи солим  маҳз аз ин роҳ  мехоҳанд ба осонӣ  миёни мардум ихтилоф ангезанд. Сипас дар идома мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан оиди ҳифзи муҳити зисту зиндаги аҳоли  суханрони намуда қайд намуд, ки шаҳри мо аз хонаи мо, аз кӯчаи мо ва аз маҳалли мо сар мешавад. Ба ин хотир ободонӣ, тозагӣ ва сарсабз гардонии  маркази вилоятро аз хона,  кӯча ва маҳалли зисти худ бояд оғоз намоем. Илм исбот кардааст, ки ҳифзи муҳити зист, тозагии обу ҳаво дар беҳдошти зиндагӣ, шукуфоии ҷомеа ва  ба солимии ҳар як сокини шаҳр мусоидат мекунад.  Вазифаи сокинони шаҳр аз он иборат аст, ки фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ дошта бошанд ва сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаву хиёбон, гулгашту маҳаллаҳои шаҳрро қарзи инсонии худ шуморида насли ҷавонро дар ин руҳия тарбия намоянд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg