БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Поёни бегонпарасти нестӣ мебошад!

БАЛҶУВОН. Тибқи   нақшаи  корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи   Балҷувон   дар ташкилоти ибтидои С. Вализодаи ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муродов Рустам иштирок карда оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи эълон намудани  соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақсади баргузории ин вохӯрӣ бо такя ба неруи созандаи шумо сокинони сарбаланд, андешидани чораҳо баҳри пешгирии шомилшавии шаҳрвандонамон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаронаю  террористӣ, иштирок дар задухурдҳои  мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, пешгирии содиршавии ҳар гуна ҷиноят ва умуман қонуншиканӣ аз тарафи ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои  номатлуби  худкуши  ва суиқасд ба ҷони худ, тақлири кур –куронаи либоспушии ба фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳое  мебошанд, ки доғи рӯз гардидаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg