БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ МАРДУМ ДАР ОБОДИИ ОРОМГОҲ ЧАШМРАС АСТ

ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Дӯстӣ ва дастгирии аъзову ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии  "Кӯҳдоман"-и Ҷамоати шаҳраки "20-солагии ИҶТ" ҳашари умумӣ ташкил карда шуд.

Дар ин чорабинии муҳим сокинон оромгоҳи деҳаро дастаҷамъона аз алафҳои бегона ва хушкшуда тоза карда, деворҳои гирду атрофи онро рангубор намуданд.

Инчунин, барои ободу зебо нигоҳ доштан ва бо об таъмин намудани дарахтони шинонидашуда, бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ аз масофаи 250 метр об оварда шуда, дар назди оромгоҳ як ҳавзи калони бетонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар мавсими беобӣ, аз оби ҳавз дарахтони ин мавзеъ обёрӣ карда мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg