ХУРОСОН. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо иштироки узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, раиси ноҳияи Хуросон Ахмадзода Илхом ва раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар нохияи Хуросон Саидзода Раҳмон семинари оӯзишӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Хуросон гузаронида шуд.
Дар семинари оӯзишӣ Саидзода Раҳмон ва Ахмадзода Илҳом ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбиро расонида, барои бартраф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва боз ҳам ҷоннок кардани фаъолияти ҳизбӣ як қатор дастурҳои лозимаро доданд.