ХОВАЛИНГ. Бо сокинони маҳаллаи сохтмончиёни Ҷамоати шаҳраки Ховалинг ҷаласаи васеъ гузаронида шуд, ки дар он Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар маҷлис раиси маҳалла Юсупов Нуралӣ ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Сатторов Саидҷалол баромад намуда, ба ҳозирин дар бораи Паём маълумоти муфассал дод. Ҳамчунин мавсуф дар асоси дастуру супоришҳое, ки аз ин ҳуҷҷати муҳими ояндасоз бар меояд, ҷамъомадагонро ба иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ва ҳидоят намуд.