ХОВАЛИНГ. Дар вохӯрие, ки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон бо волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронид, рафти омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.
Дар баромад вазифаи волонтёрон ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани Наврӯзи аҷам фаҳмонида шуда, волонтёрон вазифадор гардиданд, ки то ҷашни миллӣ корҳои таблиғотӣ ва табрикотиро ба роҳ монда, сокинони ноҳияро бо варақаҳои таблиғотӣ табрику таҳният намоянд.