БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳрак “АСИН”, “С.Қурбонов”, “А.и.Сино”, “Ваҳдат”, “С.Вализода”, “Восеъ”, “С.Айнӣ”, “М.Баҳодуров”, “А.Рӯдакӣ” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Семинарро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода гузаронида, моҳияти “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ”-ро  шарҳу тавзеҳ дода,  қайд кард, ки роҳнамои мазкур ҳамчун дастурамал барои масъулони ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳия гардида, асоси назариявию методӣ ва ҳуқуқию амалии масъулини ҳизбиро ташкил медиҳад.

Роҳнамо аз бандҳои ҳаракати аъзои ҳизб, шарафмандӣ ва ҳавасмандгардониҳо, тартиби қабули узвият ба сафи ҳизб, тартиби бақайдгирии узви ҳизб, ҳуқуқу уҳдадориҳои узви ҳизб, қатъ гардонидани узвият дар ҳизб ва ё хориҷ кардани узви ҳизб иборат буда, ҳамаи бандҳо шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки утоқи раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тибқи роҳнамо бо нишони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, парчами ҳизбӣ, навиштаҷоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки номи ташкилоти ибтидоии ҳизбиро муайян менамояд, бояд гузошта шавад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg