АНДЕША. Масъулияти мадару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст. Зеро рафтору кирдори ношоистаи бархе аз наврасону ҷавонон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст.
Пеш аз оне, ки дар бораи таълиму тарбия сухан гӯем, бояд мафҳуми онро донем, ки чӣ маънӣ доранд.
Таълим - фаъолияти муштараки падару модар, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ мебошад.
Тарбия- раванди мақсадноки ба воя расонидани кӯдак аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷамъият ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ мебошад.
Кӯдак, яке аз афроде аст, ки таҳти тарбияи падар ва модари худ қарор мегирад ва бисёре аз рӯҳиёти фарҳангӣ ва иҷтимоии ӯ бо назорат ва пайгирии доимии онҳо ҳосил мешавад.
Кӯдак дин, шарофат, эътимод ба нафс, сидқу сафо, навъ дӯстӣ, ҳамдилӣ бо дигарон, эҳтиром ба қонун ва эҳсоси мсъулиятро аз падар ва модар меомӯзад. Ӯ бисёре аз ҳолат ва рафторҳои фардӣ ва иҷтимоии худро аз бузургтарҳо тақлид мекунад ва дар назм, эҳтиром ба қонун, пойбандӣ ба мазҳаб, адаб, хушунат, носозгорӣ ва дигар хислатҳо аз атрофиёни худ шакл мегирад.
Агар волидайн ва мураббиёни мо ҳамонқадр, ки ба шикастагии даст ва по, ё нороҳатии чашм ва гӯши фарзанди худ аҳамият дода ва сармоягузорӣ мекунанд, барои тарбияи рӯҳӣ ва ахлоқии кӯдакон айнан ҳамчунон аҳамият медоданд ва аз дурӯғгӯӣ, беадабӣ, беалоқагии ӯ ба хондану омӯхтан ва аз рафтору кирдори ӯ бо атрофиён ранҷ мебурданд имрӯз ҷавонон дар сатҳи болое аз ахлоқ ва тарбия қарор доштанд.
Зеҳни кӯдак ҳамонанди замини холӣ аст, ки ҳар чизеро, ки шинонидем қабул мекунад ва самар медиҳад. Пас пеш аз оне, ки зеҳни фарзанд таҳти таъсири муҳит ва шароити он қарор гирад, ӯро тарбияи дуруст намудан даркор.
Ва дар охир гуфтаниям, ки ҳамаи падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеаро зарур аст, ки насли наврасро аз ибтидо дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, эҳтиром ва ба ҷо овардани ҳурмати калонсолон ва ҳам хурдсолон тарбия намоем, чунки онҳо ояндаи дурахшони мо ва ояндаи дурахшони ин миллату ин сарзамин мебошанд.
Гулрухсор Мирзоева, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ