БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кишоварзони вилояти Хатлон аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат рӯҳбаланд гардиданд!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси нақшаи кори кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии ҷамъияти саҳоми кушодаи ба номи Сироҷиддин Исоев, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯри оид ба ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, камхарҷу дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор кардани тӯю маъракаҳо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,пешгири ва муқовимат бо коррупсия, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, тарбияи дурусти фарзандон, ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухарони намуданд.

Масъулини ҳизб ҳамчунин оид ба муҳтавои суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон дар семинар машварати кишоварзони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара андешарони карда мардумро барои иҷрои саривақтии супоришҳои дар ин самт додашуда роҳнамоӣ карданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg