ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ободон» бо аъзо, фаъолони ҳизб вохурӣ барпо гардид.
Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Файзизода Каримҷон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, Амалиёти (аксияи) ҳизбӣ бо мақсади амалӣ шудани аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» ва ҷалби корхонаҳои азими истеҳсолӣ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ин аксияҳо, оид ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар самти таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, хизмат ба Ватан – қарзи шаҳрвандӣ, таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як қитъаи замин, пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус ва оид ба ҷилавгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сухан ронд.
Зимни вохӯрӣ бобати дар амал татбиқ намудани Аксияҳои ҳизбии «Якҷоя месозем!» ва озмуни «Беҳтарин сарфакори неруи барқ», ки охирон рӯзи аксия аст, ба иштирокчиён фаҳмонида шуд.