ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани кӯчаю гулгаштҳои маркази шаҳрак, ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мавзуна Чориева» бо ҷалби ҷавонон ва кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур корҳои ободонӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрдорӣ, ободу зебо нигоҳ доштани гирду атрофи корхона бехи дарахтон ва гулҳоро нарму мулоим намуда, кӯчаву роҳрав ва ҷӯйборҳо аз партовҳо тоза карда шуд.