КӮШОНИЁН. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи ба номи Садриддин Айнии Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Холиқзода Абдураҳим ва Шодиён Муҳаммад Султонзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва Одилҷон Маҳмадов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷамоати дар боло зикршуда вохӯрӣ доир шуд.
Вакилони мардумӣ дар баромадашон қайд доштанд, ки воқеан, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари маҳбуби мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд.