БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИЁСАТИ “ДАРҲОИ КУШОДА” – МЕҲВАРИ АСЛИИ МУНОСИБАТ БА ҶАҲОНИ МУОСИР

“Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколаммаи созанда бар асоси Оинномаи  Созмони Милали Муттаҳид мебошем”

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

АНДЕША. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сароғози Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таҳлили вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯз бахшида, аз ҷумла қайд менамоянд, ки соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.  “Идомаи минъбадаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад”.

Ин гуфтаҳо моро водор менамояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша омодаи ҳифзи давлат, миллат ва дастовардҳои истиқлолият бошем.

Пешвои миллат бо қаноатмандӣ қайд намуданд, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит сохт. Дар ҳақиқат сиёсати “дарҳои кушода” чун меҳвари аслии муносибат ба ҷаҳони муосир имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон ба ҳамаи давлатҳои дунё раводид ва муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барқарор намояд.

Маълум аст, ки ягон давлат имрӯз бе таҳкими ҳамкории судманд ба кишварҳои ҷаҳон пешрафту тараққиёти мамлакати худро таъмин карда наметавонад. Тоҷикистон минбаъд ҳам сиёсати “дарҳои кушода” – ро идома дода, фазои мусоиди рафту омади озоди одамон, интиқоли бемамонияти молу маҳсулот, сармоя ва захираҳои меҳнатиро таъмин менамояд.

Дар Паём Ҳукумати мамлакат дар татбиқи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чорчӯбаи  созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ҷалби бештари ин созмонҳо барои иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 вазифадор карда шуд.

Аз Паём бармеояд, ки соли 2020 таҳти сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, башариву фарҳангӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим ва ворид намудани технологияи нав ба комёбиҳои беназир ноил мегардад.

Б. Зоиров, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ховалинг      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg