
ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КАТС» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ С. Зоиров суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, шарҳу тавзеҳ дода шуда, қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хеле зиёд дошта, дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва сол то сол зиёд гардидани музди маоши кормандони соҳаи тандурустӣ далели ин гуфтаҳост.
Ҳамзамон, барои хизматҳои софдилона намудан ба мардум дар соли 2020, ки соли хеле мушкил барои табибон буд, аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ изҳори миннатдорӣ баён карда шуда, таъкид гардид ки вобаста ба пешгирии касалии сироятии Ковид-19, чораҳои пешгирӣ ва эҳтиётиро идома дода, дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бештар намоянд.
Дар поёни маҷлис аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КАТС” Шарипов Б, ба табибони ҷавон, ки ба аъзогии ҳизб қабул гардидаанд, билетҳои ҳизбиашон дар фазои тантанавӣ супорида шуд.