КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби омма дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва татбиқи «Соли тақвияти робита бо маҳал» бо мардум мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” бо ҳайати корӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти маҷлис Асроров Саидшо атрофи семинар машварати кишоварзони вилояти Хатлон, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, таърих ва тарғиби фарҳанги миллии тоҷикон, бинобар эълон гардидани соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», терроризму экстремизм, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватанпарварӣ, мардумро муттаҳид намудан дар атрофи ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ мазмуну муҳтавои суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, дар мавзӯи “Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад”, ки санаи 12 майи соли 2018 баргузор гардид, ба ҳозирин расонида шуд.
Дар охир масъулин ба иштирокчиён маводҳои таблиғотии ҳизбиро дастрас карданд.