
ДӮСТӢ. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷрои ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва деҳқонони деҳаи ба номи "А.Раҷаб"- и Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл кандани ҷӯйборҳои дохили хоҷагиҳо оғоз гардид.
Дар ин ҳашари дастаҷамъона зиёда аз 120 нафар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуда, 1200 метр ҷӯйборҳоро барои сари вақт обёрӣ намудани заминҳои киштшаванда канда тоза намуданд.
Инчунин, барои сарсабзу хуррам гардонидани як гӯшаи Ватани азизамон аз ҷониби аҳолии деҳаи мазкур зиёда аз 300 бех дарахтони сӯзанбарг ва сояафкан шинонида шуд.