БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ ҚОСИДИ СУЛҲ ВА ГАРАВИ САЛОМАТӢ

ВОСЕЪ. Бо мақсади ҷалби ҷавондухтарон ба варзиш ва дарёфти чеҳраҳои нав аз ҳисоби ҷавондухтарон бо иштироки кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ мусобиқаи варзишии волейбол миёни ҷавондухтарони 8 муассисаҳои таълимии ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуд.

Ҳамзамон, дар мусобиқаи баргузоргардида мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Солиҳов Фарух иштирок намуда, ба иштирокдорони мусобиқа бурдбориҳо таманно намуд.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқа хеле ҷолибу шавқовар гузашт ва иштирокдорон аз ин таасуроти нек бардоштанд ва дар охир ғолибон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии масъулини чорабинӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg