
ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ барои ташкилотҳои ибтидоии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия дар ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалии ноҳия семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ семинарро оғоз намуда, дар бораи муҳтавои китобчаи Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маълумоти муфассал дода, иброз намуд, ки истифодаи Роҳнамои мазкур барои ҳамаи раисон ва котибони ташкилотҳои ибтидоӣ зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Дар семинари омӯзишӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоати номбурда иштирок намуданд ва кори семинарро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ пеш бурд.
Дар охир иштирокдорони семинар таасуроти хуб бардошта, ба саволҳои худ посух гирифтанд ва хоҳиш карданд, ки чунин семинарҳои омӯзишӣ баҳри такмили донишу малака зиёдтар ба роҳ монда шавад.