
ВОСЕЪ. Дар кадом давру замон ва дар кадом шароити ҷамъиятие, ки набошад, бе тарбия инсон ҳамчун инсон вуҷуд дошта наметавонад. Чунки тарбия пояи давлату давлатдорӣ, инсону инсонгарӣ буда, маърифати инсонӣ ақлу заковати инсон, мақоми ӯ дар ҷамъият низ ба тарбия вобаста аст. Тарбия ин мерос аст, барои инсон иброз намуд, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ зимни вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов.
Ҳамзамон зимни суҳбат бо хонандагони муассисаи мазкур мавсуф қайд кард, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд. Бинобар ин ҳар як ҷавони втандӯсту худогоҳро зарур аст, дар мактаб хубу аъло таҳсил намуда, бо рафтори намунавӣ номбардори Ватан ва ҳам падару модари худ бошанд. Вақти худро беҳуда нагузаронанд, аз ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ худдорӣ намоянд ва вақти пурқиммати худро ба омӯхтани илму касбу ҳунар сарф намоянд.