БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ МИЁНИ СОКИНОН

ҶАЙҲУН. Бо иштироки гурӯҳи тарғиботӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №17-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ чорабинии фаҳмондадиҳии ҳизбӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ миёни сокинон,  устодон, хонандагони ин муассиса ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Наврӯз”,  “Сомонӣ” ва “А. Берунӣ” вохӯрӣ  баргузор гардид.      

Дар рафти чорабинии мазкур мудири бахши занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун  Ғафорова Насимахон ба сухан баромада, атрофи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳмгузор будан дар тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳаргуна равияҳои тундгаро, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, омода намудани ҷавонон ба зиндагонии мустақилона, донишандӯзиву аз бар намудани касбу ҳунарҳо, ихтироот ва ғайра муфассал суханронӣ намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg