Ш.ШОҲИН. Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Коммуналӣ» баҳри сазовор истиқбол намудани Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии ҳизбиро тахти унвони “Тозагии маҳал масъулияти баланд аст” доир карда, ба кӯчаҳои шаҳрак баромада, гирду атроф ва роҳравҳоро аз партовҳо тоза намуда, саҳми хешро дар тозаву озода нигоҳ доштани як гӯшаи диёр гузоштанд.
Дар ин корҳои созандагиву ободонӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ ширкат дошта, барои дастгирии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аз иштирокдорони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.