БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ ФАСЛИ ЗЕБОИИ ТАБИАТ

АНДЕША. Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ эҳё гардид, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо карда,  ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси  миллии мардумӣ табдил ёфт. Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони мо Ватани Наврӯз аст ва дар  сарзамини мо тантанаҳои наврӯзӣ  ҳамчун  оғози корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама ба кишоварзон нерӯи тоза мебахшанд.Ҷашни Наврӯз таърихи бисёр дерина дошта, оинаи бедориву хушҳолӣ барои инсоният мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб арзишҳои онро, ки як навъи ҷомеа  мебошанд, худи ҷомеа,  яъне халқ пос медорад.

  Аз қудуми неки ту сарсабз шуд дашту даман,

  Бо суман, бо настаран бо лолаҳо хуш омадӣ.

Тибқи анъанаҳои неки аҷдодӣ бо фарорасии фасли баҳор ва айёми Наврӯз дар сарзамини мо давраи киштукор ва дигар корҳои ободонӣ, бунёди боғҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростаи кӯчаву хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот оғоз мегардад. Наврӯз, ки имрӯз дар диёри мо бо шукӯҳу шаҳомат ва бо тантана  таҷлил  мегардад, сарчашмаи гаронбаҳои маънавӣ, воситаи муҳими сарҷамъ намудани тамоми сокинони кишварамон, ҳидоятгари аҳли ҷоме ба сӯйи зиндагии орому осуда ва пурфайзу баракат мебошад.

Бахшиши гуноҳҳо, навозиш ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон  ва саҳм гузоштан дар  корҳои созандагиву ободгардони – донаи умед коштан, ниҳолҳои босамар шинонидан, тозаву озода кардани хонаву кошона ва кӯчаву растаҳо, инчунин либоси тозаи идона ба бар кардан аз ҷумлаи суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор мераванд.

Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои  бостонӣ то имрӯз рӯзгори  мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарони моро ҳамроҳӣ мекунанд. Дар айёми Наврӯз табиат эҳё мегардад, инсон  нерӯи нав мегирад, дилу  андешаҳо  ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накӯкору  ва хайру  савобро  ба ҷо оварда,  ба ҳамдигар шодиву сурур  мебахшанд.  Воқеан Наврӯз  аз муборактарин  ҷашнҳои  миллии мо тоҷикон ва дигар  мардумони  ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву  ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукургузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат  мардумро гирди ҳам меорад.

Яке аз суннатҳои  бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба  истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рӯзгор  ва сару  либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки  қалбу ботини худро аз  кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи  кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд. Бо омад -  омади Наврӯз, ки айёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад,  табиат  баъди фасли сармо  аз нав зинда мешавад, хуршеди пурҳарорати  Наврӯзӣ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нурӯ зиё мебахшад ва дар қалбҳои  мо эҳсосӣ самимӣ, накукорӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ ва бунёдкориву созандагиро бедор мекунад.

Фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро бори дигар ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон табрик менамоям, бигзор Наврӯз бахту саодат ва хайру Варакатро дар ҳар хонадони Тоҷикистони арзонӣ гардонад, сулҳу субот ва Ваҳдати миллии моро ҷовидонӣ гардонад.

Мизробова Шаҳло,  мудири бахши занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg