БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бемориҳои сироятӣ хатар ба генафонди миллат мебошанд

ЁВОН. Дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Даҳана вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ фаъолони деҳа, имомҳои масҷиди панҷвақта, падару модарон иштироки фаъолона намуданд. Инчунин, дар вохӯрӣ бо даъвати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мудири тиббӣ-машваратии ҷавонони беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон Иззатуллоева Сайёра ва директори Маркази пешгирӣ алайҳи бемории ВИЧ/СПИД Алифов Ҷаҳонбек иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Расулов Маҳмадрасул дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, махсусан сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба қадри падару модар, анҷом додани корҳои савоб дар моҳи шарифи Рамазон, додани фитри рӯза ба шахсони яккаву танҳо, маъюбу оилаҳои камбизоат ва серфарзанд, истифодаи маблағи ҳаҷи такрориро барои корҳои хайру сахо, мусоидат намудан барои шароити арзандаи таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии паҳншавии бемории ВНМО/СПИД, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия андешаронӣ намуданд.

Аз ҷониби директори Маркази пешгирӣ алайҳи бемории ВИЧ/СПИД Алифов Ҷаҳонбек қайд карда шуд, ки  шумораи гирифторони ин вабои аср дар ноҳияи Ёвон ба 150 нафар расидааст. Ин 150 нафар ҳамон шахсоне ҳастанд, ки ба маркази ноҳиявии СПИД омада, аз ташхис гузаштаанд, боварӣ дорем, ки ин шумора дар ноҳия зиёд аст. Аз ин рӯ, мо падару модаронро мебояд ба рафтору ахлоқи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ деҳем . Имрӯз агар оид ба нишонаҳои гузариши ин беморӣ қайд намоем, се роҳи гузариш дорад, ки аслан ба фарҳанги шарқиёнаи миллати тоҷик рост намеояд. Ин ҳам бошад алоқаи ҷинсии номашрӯ бо зан ва ё марди бегона, тавассути сӯзандорӯ ва аз модари бемор ба фарзанд тавассути шири модар. Имрӯз дар миёни 150 нафар гирифторони бемории СПИД 7 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳад, ки онҳо ҳанӯз шаҳди зиндагиро начашида, ба ин бемории вабои аср гирифторанд. Аз ин рӯ, хоҳиш менамоем, ки фарзандонатон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ меоянд, ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg